Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситон мехоҳад, Рақибовро се сол зиндонӣ кунанд


Атовулло Рақибов, фарде, ки ба истилоҳ ба "қаҳрамони рӯзномаҳо" табдил шудааст.
Атовулло Рақибов, фарде, ки ба истилоҳ ба "қаҳрамони рӯзномаҳо" табдил шудааст.
Дар ноҳияи Файзобод, дар шарқи Тоҷикистон рӯзи аввали муҳокимаи пурсарусадои додгоҳии Атовулло Рақибов, як сокини ин ноҳия шурӯъ шуд. Ӯ, ки бо мақомоти ноҳия бар сари замини хонасозӣ тақрибан се сол баҳс дошт ва дар назди қароргоҳи ваколатдори ҳуқуқи инсон гуруснашинӣ кардааст, аз ҷумла ба авбошӣ муттаҳам мешавад. Мирзонабии Холиқзод хабарнигори РО, ки дар ин додгоҳ ҳузур дошт, дар бораи рӯзи аввали муҳокима гуфт: “Айбдоркунандаи давлатӣ, ки бо лаҳни хеле тунд сӯҳбат мекард, Рақибов ва хонаводаи ӯро дар амалҳои ғайриқонунӣ дар баробари қарори ҳокимияти ноҳияи Файзобод гунаҳкор донист ва талаб намуд, ки Атовулло Рақибов, се сол аз озодӣ маҳрум карда шавад.” Атовулло Рақибов мегӯяд, мақомоти Файзобод, хонаи ӯро ғайриқонунӣ ва бо иддаъои онки дар сари роҳи дигарон сохта шудааст, вайрон карданд. Атовулло Рақибов, ки соҳиби панҷ фарзанд аст, мегӯяд, тамоми асноди лозим барои манзилро дорад. Қарор аст додгоҳ ҳукми ӯро фардо эълом кунад.
XS
SM
MD
LG