Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷузъиёти тирандозӣ ба сарбозони НАТО дар Кобул


Паймони НАТО гуфт, бар асари тирандозии як халабони афғон дар шаҳри Кобул, ҳашт сарбози хориҷӣ ва як корманди қарордодӣ кушта шуданд. Нерӯҳои байналмилалии кӯмаки амниятӣ ба Афғонистон ба раҳбарии НАТО миллияти ин сарбозонро эълом накарданд. Ҳодиса дар як тамрингоҳ дар фурудгоҳи Кобул ба вуқӯъ пайвастааст. Пештар аз ин вазорати дифоъи Афғонистон гуфт, баъди баҳсу моҷаро бо сарбозони хориҷӣ дар пойгоҳи ҳавоӣ дар наздикии Кобул, халабони афғон ба рӯи онҳо тир кушодааст. Мақомоти афғон гуфтанд, халабони собиқадори низомӣ, дар оташи ҷавобӣ кушта шудааст. Аммо гурӯҳи Толибон, масъулияти ҳамларо бар дӯш гирифт ва гуфт яке аз гурӯҳи онҳо ба пойгоҳи низомии НАТО роҳ ёфта ва чунин ҳамла кардааст.
XS
SM
MD
LG