Пайвандҳои дастрасӣ

Тағйири кадрӣ дар ҳукумати Амрико


U.S. -- White House, Washington, DC, Jan2010

U.S. -- White House, Washington, DC, Jan2010

Бино ба гузоришҳои матбуоти Амрико, Леон Паннета, мудири ЦРУ, ё Хадамоти Истихборотии Амрико ба зудӣ ҷойгузини Роберт Гейтс, вазири дифоъ хоҳад шуд, ки гуфтааст, имсол мақомашро тарк мекунад. Манобеъе дар дастгоҳи раёсати ҷумҳури Амрико гуфтаанд, ки ҷойи Леон Паннетаро, Дейвид Петреус, фармондеҳи амалиётҳо дар Афғонистон хоҳад гирифт. Ин тағйироти кадрӣ дар ҳукумати Амрико эҳтимолан тобистони ҳамин сол сурат хоҳад гирифт. Ҳамчунин гуфта шудааст, ки Барак Обама, генерал Ҷон Алленро, ба ҷойи Дейвид Петреус таъйин хоҳад кард ва Райан Крокер сафири ояндаи Амрико дар Афғонистон хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG