Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳокимаи номзади собиқ ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ


Дар Ҷумҳурии Белорус имрӯз муҳокимаи додгоҳии яке аз пешвоёни бонуфузи мухолифони Ҷумҳурии Белорусро оғоз карданд, ки ба ташкили тазоҳуроти оммавӣ муттаҳам мешавад. Дар сурати исботи ин иттиҳом ӯро 15 соли зиндон интизор аст. Муҳокимаи Андрей Санникау, номзади умдаи мухолофон ба мақомти раёсати ҷумҳурӣ аз силсилаи муҳокимаҳо дар иртибот ба тазоҳуротҳои баъди интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар рӯзи 19 декабри соли 2010 аст. Андрей Санникау баъди ҳамин тазоҳуротҳо боздошт шуд. Баъди пирӯзии Александр Лукашенко дар интихобот, бо даъвати мухолифон даҳҳо ҳазор нафар дар хиёбонҳои шаҳри Минск тазоҳурот карданд.
XS
SM
MD
LG