Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як халабони афғон 6 сарбози хориҷиро куштааст


Паймони НАТО гуфт, бар асари тирандозии як халабони афғон дар шаҳри Кобул, шаш сарбози хориҷӣ кушта шуданд. Нерӯҳои байналмилалии кӯмаки амниятӣ ба Афғонистон ба раҳбарии НАТО миллияти ин сарбозонро эълом накарданд. Пештар аз ин вазорати дифоъи Афғонистон гуфт, баъди баҳсу моҷаро бо сарбозони хориҷӣ дар пойгоҳи ҳавоӣ дар наздикии Кобул, халабони афғон ба рӯи онҳо тир кушодааст. Мақомоти афғон мегӯянд, халабон, ки дар оташи ҷавобӣ кушта шуд як халабони собиқадори низомӣ будааст. Аммо гурӯҳи Толибон, масъулияти ҳамларо бар дӯш гирифт ва гуфт яке аз гурӯҳи онҳо ба пойгоҳи низомии НАТО роҳ ёфта ва чунин ҳамла кардааст.
XS
SM
MD
LG