Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мурофиаи додгоҳии Атовулло Рақибов, як сокини Файзобод, ки бо мақомоти ин ноҳия тӯли ду соли ахир баҳси замин дошт, оғоз ёфтааст.

Ба иттилоии хабарнигори Озодӣ, Атовулло Рақибов ба утоқи мурофиа бо дастҳои баста ва бо иттифоқи ду нигаҳбон оварда шудааст.

Дар таърихи 20-уми апрел Атовулло Рақибов аз Файзобод ба Душанбе интиқол дода шуда буд. Вайро ҳанӯз дар рӯзи дуввуми боздошташ аз Файзобод ба Душанбе оварда буданд. Хешовандони ӯ гуфта буданд, ки Атовулло Рақибов дар боздоштгоҳи шумораи якум нигаҳдорӣ мешавад.

Баҳси шаҳрванд Атовулло Рақибов бо ҳукумати ноҳияи Файзобод дар масъалаи замин ва манзил ду сол пеш шурӯъ шуда, Рақибов, мегӯяд, барои ҳалли одилонаи ин баҳс борҳо ба раисҷумҳур, Додситонии кул ва Додгоҳи олии Тоҷикистон муроҷиат кардааст, вале касе ба қазия бетарафона бархӯрд накардааст.

Атовулло Рақибов ҳамроҳ бо зану фарзандонаш ду бор дар назди бинои Омбудсмен ё ваколатдори ҳуқуқи инсони Тоҷикистон низ гуруснанишинӣ эълон карданд, вале ба далели ин, ки полис онҳоро аз назди бино канор андохт, ноком монданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG