Пайвандҳои дастрасӣ

Муҳокимаи пешвои мухолифони Белорус шурӯъ шуд


Номзади собиқ ба мақоми раёсати ҷумҳури Белорус

Номзади собиқ ба мақоми раёсати ҷумҳури Белорус

Дар Ҷумҳурии Белорус имрӯз муҳокимаи додгоҳии яке аз пешвоёни бонуфузи мухолифони Ҷумҳурии Белорусро оғоз карданд, ки баъди интихоботи баҳсбарангези раёсати ҷумҳур боздошт шуд. Андрей Санникау ба ташкили тазоҳуроти оммавӣ муттаҳам мешавад ва дар сурати исботи ин иттиҳом ӯро 15 соли зиндон интизор аст. Андрей Санникау, номзади умдаи мухолофони давлати Александр Лукашенко буд, ки дар интихоботи ба гуфтаи нозирон олуда ба тақаллуб дигарбора пирӯз шуд. Баъди ин пирӯз, даҳҳо ҳазор нафар дар хиёбонҳои шаҳри Минск тазоҳурот карданд.
XS
SM
MD
LG