Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шӯрои Амният бӯҳрони Сурияро баррасӣ мекунад


Интизор меравад, имрӯз Шӯрои Амнияти Созмони Милал масъалаи саркӯбии тазоҳургарон дар Сурияро баррасӣ кунад. Як рӯз пештар аз ин Бан Кӣ Мун, дабири кулли созмон давлати Сурияро барои истифодаи танку ва силоҳҳои оташфишон барои фӯру нишондани тазоҳурот маҳкум кард. Бан Кӣ Мун ва Навӣ Пиллай, масъули умури ҳуқуқи инсони Созмони Милал хостанд, то куштори садҳо ғайринизомиён дар тазоҳуротҳои гузашта дар Сурия пажӯҳиш шавад. Бино ба гузоришҳо, тайи шаш ҳафтаи гузашта дар ин кишвар тақрибан 400 нафар кушта шудаанд. Рӯзи сешанбе аъзои Шӯрои Амният дар мавриди баёнияи интиқодӣ, ки саркӯбии тазоҳургарон дар Сурия маҳкум мешуд, ба тавофуқ нарасиданд. Тарҳи ин қатъномаро Бритониё, Фаронса, Олмон ва Португалия пешниҳод карданд, вале Чину Русия ба қабули он мухолифат карданд. Бино ба гузоришҳо, Сурия ба шаҳри Даръо, маркази тазоҳуротҳо нерӯҳои изофӣ фиристоданд, ки дар инҷо рӯзи якшанбе ба сӯи тазоҳургарон аз танк оташ кушода ва даҳҳо нафарро куштанд.
XS
SM
MD
LG