Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифротгароён: "Барои қатли Мулло Абдулло ниқор мегирем"


Мулло Абдуллоро рӯзи 18 апрел нерӯҳои амниятӣ куштанд
Мулло Абдуллоро рӯзи 18 апрел нерӯҳои амниятӣ куштанд
Гурӯҳе аз ифротгароёни исломӣ, ки худро муҷоҳидони Тоҷикистон хондаанд, таҳдид кардаанд, ки барои қатли фармондеҳ ва яке аз пешвоёни умдаашон Мулло Абдулло ниқор хоҳанд гирифт. Дар баёнияи тӯлоние, ки дар як вебсайти ифротгароён бо забони тоҷикӣ нашр шудааст, муаллифони баёния, гуфтаанд, бо вуҷуди қатли Мулло Абдулло, ҳазорон нафари дигар омодаи ҷиҳод ҳастанд. Абдулло Раҳимов, ҷанҷолбарангезтарин фармондеҳи собиқи нерӯҳои мухолифин дар Тоҷикистонро, 16 апрел дар як амалиёте бо гурӯҳе аз ҳамроҳонаш дар водии Рашт куштанд. Хабаргузории “Ройтерс” ин хабарро бо такя ба баёнияи тундравон нашр кардааст.
XS
SM
MD
LG