Пайвандҳои дастрасӣ

Тирандозӣ дар як пойгоҳи нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон


Мақомоти вазорати дифоъи Афғонистон мегӯянд, як афсари афғон баъди баҳсу моҷаро бо нерӯҳои байналмилалӣ дар як пойгоҳи низомӣ дар наздикии Кобул ба рӯи онҳо оташ кушодааст. Зоҳир Азимӣ, сухангӯи вазорати дифоъи Афғонистон дар як баёнияи расмӣ гуфт, дар ин ҳодиса “чанд нафар кушта ва маҷрӯҳ шуданд.” Телевизиони хусусии “Тулӯъ” гуфт, фарди ҳамлавар дар оташи ҷавобӣ кушта шудааст. Тим Ҷеймс, сухангӯи НАТО, паймон аз вуқӯъи ин ҳодиса дар фурудгоҳи низомӣ огаҳ аст вале ҷузъиёте дар ин маврид ироа накард. Дар гузашта ситезаҷӯён дар Афғонистон бо либоси сарбозон ба бар ба нерӯҳои байналмилалӣ ва маҳаллӣ ҳамла кардаанд.
XS
SM
MD
LG