Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти коргарони чанд корхонаи Эрон


Садҳо нафар аз коргарони як корхонаи азими тавлиди чархи мошин дар Эрон бо талаби пардохти дастмузди чандмоҳаи хеш дар баробари қароргоҳи раёсати ҷумҳури Эрон тазоҳурот кардаанд. Яке аз кормандони корхонаи чархсозии Албурз, дар наздикии шаҳри Теҳрон ба Радиои Фардо гуфтааст, рӯзи якшанбе 800 нафар аз коргарони ин корхона дар тазоҳурот ширкат карда ва хостаанд, то дастмузди нӯҳмоҳаи онҳоро бипардозанд. Дар шаҳри Исфаҳон ҳам, гурӯҳе аз коргарони корхонаи оҳангудозии шаҳр бо ҳамин талаб тазоҳурот кардаанд. Дар шаҳри Шероз ҳам Корхонаи санъатӣ ва маъдангудозӣ чунин мушкил доштааст ва ҳудуди 100 коргари он бо талаби ҳаққи шашмоҳаи худ тазоҳурот кардаанд.
XS
SM
MD
LG