Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ дархости вакили Қурмонбек Боқиевро рад кард


Додгоҳи Олии Қирғизистон дархости вакили дифоъи Қурмонбек Боқиев ва 27 шариконашро барои иваз кардани раиси муҳокимаи ин гурӯҳ рад кардааст. Ба гузориши бахши қирғизии Радиои Озодӣ, Додгоҳи Олӣ амр додааст, Дамир Онолбеков, муҳокимаи ғойибонаи раиси ҷумҳури собиқ ва шариконашро идома диҳад. Боқиев ва гурӯҳи шариконаш ба қатли тазоҳургароне муттаҳам мешаванд, ки моҳи апрел алайҳи ҳукумати ӯ эътироз мекарданд. Ин тазоҳурот дар ниҳоят бо суқути ҳукумати Қурмонбек Боқиев анҷомид, ки худи ӯ баъди ин ба Ҷумҳурии Белорус гурехт.
XS
SM
MD
LG