Пайвандҳои дастрасӣ

Конфронси илмии "Сулҳ аз дидгоҳи ислом" хоҳони оташбас миёни давлати Афғонистон ва мухолифони он шуд.

Дар ин конфронс, ки рӯзи сешанбе дар Кобул оғоз шуд, шуморе аз уламои дин ва намояндагони ҷомеаи мадании ин кишвар, инчунин донишмандони кишварҳои дигар дар бораи роҳҳои расидан ба сулҳ ва оштӣ бо мухолифони ҳукумати Афғонистон назароташонро баён доштанд.

"ҲАМСОЯҲО АЗ МУДОХИЛА ДАСТ БАРДОРАНД"

Дар қатъномаи ин конфронси илмӣ таъкид шудааст, то барои расидан ба сулҳ ва оштӣ бо мухолифон, оташбаси фаврӣ эълон карда шавад.

Дар бахше аз қатъномаи ин конфронс омадааст: «Аз давлат, мухолифон ва
кишварҳои дӯст ва ҳамкори ҷомеаи байналмилалӣ хоста мешавад то заминаҳои нишастҳои мустақимро барои ду тарафи даргир мусоид созанд. Ба хотири расидан ба сулҳ бояд миёни давлат ва мухолифин оташбаси фаврӣ эълон гардад. Истихбороти минтақа аз мудохила дар умури Афғонистон даст бардорад.»

Конфронси илмии «Сулҳ аз дидгоҳи ислом» дар Кобул дар ҳоле баргузор шудааст, ки тайи моҳҳои ахир шуморе аз ниҳодҳои сиёсӣ ва иҷтимоии ин кишвар талошҳоеро ба хотири барқарории сулҳ бо мухолифон шиддат бахшида ва ҳар яке талош доранд то роҳи расидан ба сулҳро дарёбанд. Дар ин конфронс Мавлавӣ Атоураҳмон Салим, раиси Конуни илмии таҳқиқоти исломии Афғонистон гуфтааст: «Онҳо барои расидан ба сулҳ ва тамос бо мухолифон талош хоҳанд кард то назароти уламо ва донишмандони ҳозир дар ин конфронсро бо соири ниҳодҳо шарик созанд.»

АФҒОНИСТОН ВА АМНИЯТИ МИНТАҚА

Дар конфронси «Сулҳ аз дидгоҳи ислом» Абдулло Раҳнамо, донишманди тоҷик ва узви маркази мутолеоти стратегии назди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон рӯи зарурати сулҳ дар Афғонстон ва асароти он ба кишварҳои минтақа ва бахусус Тоҷикистон сӯҳбат кардаст. Вай гуфт: «Онҳо сулҳ дар Афғонистонро барои пешрафти Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа зарурӣ медонанд.»

Оқои Раҳнамо дар ҳоле, ки ба нақши раҳбарон дар таъмини сулҳ ишора мекард гуфт: «То замоне, ки раҳбарон, ки зимоми корро дар даст доранд
Абдуллоҳи Раҳнамо, донишманди тоҷик
ба ин назар нарасанд, ки дар сулҳ манфиати онҳо аст, онҳо ба сулҳ майл нахоҳанд кард.»

МУХОЛИФОН БА СУЛҲ БОВАР НАДОРАНД

Дар конфронси илмӣ- таҳқиқотии «Сулҳ аз дидгоҳи ислом» Атоуллоҳ Лудин, муовини Шӯрои олии сулҳи Афғонистон ба иқдомоти ба амал омадаи Шӯрои олии сулҳи Афғонистон ишора кард ва нақши уламоро дар роҳи расидан ба сулҳ бо аҳамият тавсиф кардааст.

Роҳандозии конфронсҳо ва баргузории семинарҳо дар робита ба дарёфти шеваҳои таъмини сулҳ дар ҳоле дар Афғонистон шиддат гирифтааст, ки мухолифони давлати ин кишвар ҳамчунон даст ба фаъолиятҳои низомӣ мезананд.

Гуфта мешавад бо тамоми талошҳои давлати Афғонистон ва ниҳодҳои вобаста барои оштӣ ва тамос бо мухолифон, то ба ҳол кадом чароғи сабз дар ин маврид аз ҷониби мухолифон нишон дода нашудааст ва бархе огоҳон ба ин боваранд, ки мухолифон ба қадамҳои бардошта шуда дар заминаи сулҳ боварии комил надоранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG