Пайвандҳои дастрасӣ

Ташкилоти бритониявии «Оксфам» барои амалӣ намудани як лоиҳаи таҷрибавии бунёди хати оби нӯшокӣ, ноҳияи Мӯъминободро интихоб кардааст.

Сафаралӣ Зокиров, раиси ноҳияи Мӯъминобод мегӯяд, ин ташкилот пас аз омӯзишу пажӯҳиш, хоҳиши ҳамкорӣ бо онҳоро пайдо кардааст. Зокиров мегӯяд, тайи беш аз даҳ соли ахир бо кӯмаки ҳукумати Тоҷикистон ва созмонҳои байналмиллалӣ садҳо лоиҳаро дар деҳоти ноҳия амалӣ намудаанд. Ӯ мегӯяд, шояд дар Тоҷикистон созмони байналмиллалие набошад, ки ҳукумати Мӯъминобод аз ӯ даъвати ҳамкорӣ нанамуда бошад.

МИЛЛИОНҲО БА ХОТИРИ ЧӢ?

Ба гуфтаи ӯ, соле дар ҳудуди ноҳия созмонҳои байналмилалӣ аз 1 то 2 миллион долларро барои бунёди лоиҳаҳои гуногун, мисли кашидани хати оби нӯшокӣ ба деҳот, сохтмони мактабҳо, кӯмак дар бахши кишоварзӣ, паррандапарварӣ ва бунёди сехҳои шарбатбарорӣ сарф мекунанд. Вай афзуд: «Ин ташкилотҳо ба умеде ба Тоҷикистон омадаанд, ки як ҷоро обод кунанд. Пас чаро мо барои ободӣ ба онҳо ҳамкорӣ накунем? Мо мушкилотҳои зиёди иқтисодиро дар ноҳия бо кӯмаки онҳо ҳал кардем».

Аммо на ҳама масъулони шаҳру навоҳӣ хоҳиши ҳамкорӣ бо ташкилотҳои мадарасонро доранд.

ҲАРОС АЗ ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ МАДАДРАСОН

Раҳбари як ташкилоти мадарасон, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт: «Роҳбарони зиёде ҳастанд, ки як навъ аз ҳамкорӣ бо мо ҳарос доранд. Онҳо фикр мекунанд, ки ташкилотҳои мадарасон бо кӯмаки худ ҳадафҳои дигари ғаразнок доранд. Онҳо фақат вақте мебинанд, ки мо бо ҳукумати ҷумҳурӣ шартномаву қарордод дорем, дар он вақт ҳамкорӣ мекунанд. Бархеи дигараш чун мебинанд, ки аз ҳисоби ин созмонҳо ба манфиати шахсӣ кор карда намешавад, дигар он қадар ҷиддӣ дар пайи ҳамкорӣ намешаванд ва лоиҳа пешниҳод намекунанд».

Аммо ба қавли коршиносон, ҳамкории ҳукумати ноҳияи Мӯъминобод бо созмонҳои мададрасон фарқкунанда ҳаст. Баҳромшо Искандаров, нафаре, ки дар созмонҳои гуногуни мададрасон фаъолият кардааст, мегӯяд, раҳбари ноҳияи Мӯъминобод хеле ҷиддӣ ва беғаразона бо ташкилоту созмонҳои мададрасон ҳамкорӣ мекунад.

Ӯ мегӯяд: «Ҳангоми кор кардан дар ташкилотҳои хориҷӣ борҳо бо ӯ вохӯрдаам. Бо чеҳраи кушод қабул мекунад, машварат мекунад, маслиҳат мепурсад ва маслиҳат медиҳад. Бо чунин одам албатта кас мехоҳад, ки кор кунад. .»

ФАСОД ЛОИҲАҲОРО БА АҚИБ АНДОХТААСТ

Дар ҳамин ҳол, Саъдулло Насимов, коршиноси маҳаллӣ мегӯяд, маълум аст, ки ҳукумати Тоҷикистон ба танҳоӣ аз ӯҳдаи ҳалли мушкилоти худ намебарояд, аз ин рӯ ҳамкорӣ бо созмонҳои мададрасон аз манифат холӣ нест.

Ӯ мегӯяд: «Зиёд ба назар мерасад, ки дар лоиҳаҳои ҳамин ташкилотҳо низ коррупсия ба назар мерасад. Пулҳои ҳамин ташкилотҳоро низ медузданд. Дар ноҳияи Шӯрообод, Бунёди Оғохон чанд мактабу роҳу хати об кашидаааст, лек пас аз истифода додан ҳоло онҳо фаъол нестанд. Чунин камбудиҳо дар фаъолияти дигар ташкилотҳо, ки роҳбаронашон мо тоҷикон ҳастем ба назар мерасад. Агар ҳамин кӯмакҳоро ҳам мо тоҷикон барои ободӣ сарф накунем, пас дигар куҷо пешравӣ мешавад?»

Аммо ба назари коршиносон, дар ин миён ҳукумати ноҳияи Мӯъминобод ягона ҳукумати маҳалиест, ки дар пайи ҳамкории зич бо созмонҳои мададрасон мушкилоти бешумори ноҳияро ҳал кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG