Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бан Ки Мун аз Димишқ интиқод кард


Бан Ки Мун, Дабири Кулли СММ, аз хушунат алайҳи эътирозгарон дар Сурия изҳори нигаронӣ кард.

Ӯ дирӯз дар машваратҳои Шӯрои амнияти СММ оид ба авзоъ дар Сурия гуфт, ки “мо ин ҳаводисро бо диққат назора мекунем ва онҳо ҳарчӣ бештар мунҷар ба нигарониҳои мо мешаванд”.

“Ман хушунат дар баробари эътирозгарони осоишта, аз ҷумла, истифодаи тонкҳоро шадидан маҳкум мекунам”, - афзуд Бан Ки Мун.

Бар асари истифода аз тонкҳо ва тирандозӣ сӯи мардум садҳо нафар куштаву маҷрӯҳ шуданд ва ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Дабири Кулли СММ,
Бан Ки Мун
“мақомоти Сурия масъули ҳимоят аз шаҳрвандони худ ва арҷгузорӣ ба ҳуқуқи инсонанд”. Миёни ин ҳуқуқҳои аз сӯи ҷомеъаи ҷаҳонӣ эътирофшуда, аз ҷумла, озодии баён ва озодии баргузории гирдиҳамоиҳо низ ҳастанд, хотиррасон кард Бан Ки Мун.

Қарор аст, ки машваратҳои Шӯрои амнияти СММ оид ба авзоъ дар Сурия имрӯз ҳам идома кунанд. Дирӯз дар робита ба авзоъ дар Сурия қатъномае қабул нашуд.

Як рӯз аз ин пеш Бритониё, Олмон ва Фаронса эълом доштанд, ки тарҳи қатъномаи Шӯрои амнияти СММ дар робита бо саркӯбшавии тазоҳуроти мардумӣ аз сӯи ҳукумати Сурияро таҳия мекунанд. Ба гуфтаи дипломатҳо, ки дар машваратҳои ахир ширкат доштанд, шояд Русия ва Чин ба қатъномаи шадидуллаҳни Шӯрои амният дар робита ба Сурия мухолифат кунанд.

САРКОЗӢ: БЕРАҲМӢ ҒАЙРИ ҚОБИЛИ ТАҲАММУЛ АСТ

Рӯзи сешанбе раисиҷумҳури Фаронса Николя Саркозӣ ва нахуствазири Италия Силвио Берлусконӣ ҳам дар як нишасти муштарак дар Рум аз мақомоти Сурия талаб намуданд, ки таъқибу хушунат алайҳи эътирозгаронро қатъ кунанд.

Николя Саркозӣ аз ҷумла гуфт, ки “мардумони кишварҳои араб аз тариқи намоишҳои осоишта талоши худ барои озодӣ ва демократияро иброз медоранд. Ва бар зидди онҳо фиристодани артиш ва сӯи онҳо оташ кушодан – қобили қабул нест. Ин гуна бераҳмӣ - ғайри қобили таҳаммул аст».

Ба гуфтаи коршиносон, манзури Саркозӣ аз “бераҳмии ғайри қобили қабул” низ вуруди нерӯҳо ва тонку зиреҳпӯшҳо ба шаҳри ҷанубии Даръо бо ҳадафи саркӯб кардани эътирозҳо алайҳи режими Башор Асад меошад.

БАЪДИ ДАРЪО НАВБАТИ БАНИЁС АСТ?

Дар ҳамин ҳол мақомоти Сурия вуруди низомиёну тонку зиреҳпӯшҳоро ногузир мехонанд. Намояндаи ҳукумати Сурия дар суханронӣ аз тариқи

телевизион изҳор намуд, ки низомиёну тонкҳо бо даъвати мардуми маҳаллӣ ба хотири аз байн бурдани гурӯҳҳои ифротгарову терористӣ эъзом шудаанд.

Ин нахустин мавриди истифодаи тонкҳо тайи 6 ҳафтаи эътирозҳо зидди ҳукумат аст. Созмони Афви байналмилалӣ мегӯяд, ки рӯзи душанбе дар Даръо дастикам 23 нафар кушта шудаанд.

Ба таъйиди сокинони Даръо, дирӯз ҳам дар ин шаҳр садои тиру тӯп шунида мешуд.

Ҳамзамон хабаргузории Рейтер иттилоъ медиҳад, ки нерӯҳои амниятӣ дар атрофи шаҳри Баниёс ҳам мустақар шудаанд ва шояд онҳо барои саркӯбсозии тазоҳурот сафарбар шаванд.

Ба иттилоъи ҳомиёни ҳуқуқи башар, дирӯз дар маҳаллаҳои атрофи Димишқ ва шаҳри Ҷабла садҳо ҷонибдорони мухолифин боздошт шуданд.

ТАҲРИМҲО АСАДРО ҲУШЁР ХОҲАНД СОХТ?

Бо ишора ба ин вазъ бархе кишварҳо, аз ҷумла, Иёлоти Муттаҳида, имкони ҷорӣ кардани таҳримҳо алайҳи ҳукумати Сурияро баррасӣ мекунад.

Ҷей Карнӣ, намояндаи Кохи Сафед, ахиран дар Вошингтон ба хабарнигорон гуфт, ки Вошингтон барои он пойфишорӣ дорад, ки раисиҷумҳур Башор Асад ва ҳукумати ӯ ваъдаҳои худро иҷро кунанд – аз ҷумла, вазъи фавқулоддаро лағв ва ислоҳотро шурӯъ намоянд ва, албатта, ба хушунат алайҳи мардуми худ хотима гузоранд.

Ӯ афзуд, Вошингтон мутмаин аст, ки таҳримҳо метавонанд фишанги таъсир ба режими Сурия бошанд.

Бар асари бархурди кормандони амниятӣ ва полис бо эътирозгарон дар Сурия дар яку ним моҳи ахир дасти кам 400 нафар ба ҳалокат расидаанд.
XS
SM
MD
LG