Пайвандҳои дастрасӣ

Бар пояи хабарҳои ахир аз Либия, субҳи имрӯз нерӯҳои вафодор ба Муаммар Қаззофӣ тирборони шадиди шаҳри Мисуратаро идома доданд.

Рӯзи сешанбе онҳо бандари шаҳрро, ки тавассути он кумаки башарӣ ба мардуми шаҳри муҳосирашуда мерасад, мушакборон карда буданд.

Бо вуҷуди ин вазири дифоъи Бритониё Лайам Фокс дирӯз дар Вошингтон изҳор намуд, ки дар Мисурата нерӯҳои НАТО ва шӯришиён ба пешрафт муваффақ шудаанд.

Вазирони дифоъи Амрико ва Бритониё баъд аз музокирот дар Пентагон изҳор намуданд, ки бомборони қароргоҳи Муаммар Қаззофӣ дар Либия аз сӯи НАТО амали дуруст буд.

Ба гуфтаи Роберт Гейтс, қароргоҳ муассисаи низомист ва он ҷо маркази фармондеҳии нерӯҳои ҳукуматии Либия ҷойгир аст.

Ҳамтои бритониёвии ӯ Лайам Фокс изофа кард, ки ҳадаф аз бомбборон аз байн бурдани худи Қаззофӣ набуд.
XS
SM
MD
LG