Пайвандҳои дастрасӣ

Гейтс: бомбборони қароргоҳи Қаззофӣ амали дуруст буд


Роберт Гейтс

Роберт Гейтс

Вазирони дифоъи ИМА ва Бритониё баъд аз музокирот дар Пентагон изҳор намуданд, ки бомборони қароргоҳи Муаммар Қаззофӣ дар Либия аз сӯи НАТО амали дуруст буд.

Ба гуфтаи Роберт Гейтс, қароргоҳ муассисаи низомист ва он ҷо маркази фармондеҳии нерӯҳои ҳукуматии Либия ҷойгир аст.

Ҳамтои бритониёвии ӯ Лайам Фокс изофа кард, ки ҳадаф аз бомбборон аз байн бурдани худи Қаззофӣ набуд.

Дирӯз Владимир Путин, сарвазири Русия, бори дигар аз амалиёти низомии эътилофи кишварҳои ғарбӣ дар Либия интиқод кард ва изҳор намуд, ки касе ҳаққи эъдоми Муаммар Қаззофиро надорад.

Дар як нишасти хабарӣ дар Дания ӯ гуфт, ки Эътилоф аз ваколатҳои дар ихтиёраш гузоштаи қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони Милал берун пой гузоштааст.

Путин режими Қаззофиро «режими салтанатӣ» номид, ки ба гуфтаи ӯ, дар маҷмӯъ мутобиқ ба афкори мардуми Либия аст.
XS
SM
MD
LG