Пайвандҳои дастрасӣ

Марказҳои ҳавошиносӣ хабар медиҳанд, ки ҳавои Душанбе имрӯз абрӣ шуда, кам-кам борон меборад. Дар нимаи дуввуми рӯз раъду барқ дар назар аст, ҳаво аз 21 то 31 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд субҳ каме борон меборад ва аммо давоми рӯз ҳаво офтобӣ ва то 29 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа субҳ ҳаво нимаабрӣ ва аммо рӯзона софу беғубор мешавад, ҳарорати ҳаво то 36 дараҷаи болои сифр қарор мегирад.

Дар шаҳри Хоруғ рӯзона ҳаво офтобист ва аммо шом абрӣ шуда борон меборад, рӯзона то 26 дараҷа гарм мешавад.

Дар аксар навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ ҳавои абрӣ дар назар аст, фақат дар ноҳияи Файзобод тамоми рӯз офтоб нурпошӣ хоҳад кард. Ҳаво аз 24 то 31 дараҷа гарм мешавад.
XS
SM
MD
LG