Пайвандҳои дастрасӣ

Полиси Озарбойҷон дафтари "Мусавват"-ро тафтиш кард


Кормандони полиси Озарбойҷон дафтари ҳизби мухолифи ҳукумат «Мусавват»-ро кофтукоб карданд.

Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқи башар, полисменҳо чанд соат дар дафтари ҳизб ҳуҷҷатҳоро омӯхтанд.

Намояндаи додситонии Озарбойҷон изҳор намуд, ки тафтиш дар дафтари «Мусавват» ба хотири ошкор кардани чанд ҷинояти дар гирдиҳамоии зиддиҳукуматӣ содиршуда ҷараён гирифтааст.

Моҳи равон кормандони полис ду ҳамоиши мухолифин дар Бокуро пароканда ва даҳҳо нафарро боздошт карданд.
XS
SM
MD
LG