Пайвандҳои дастрасӣ

Талаби Саркозӣ ва Берлусконӣ аз мақомоти Сурия


Раисиҷумҳури Фаронса Николя Саркозӣ ва нахуствазири Италия Силвио Берлусконӣ дар як нишасти муштарак дар Рум аз мақомоти Сурия талаб намуданд, ки таъқибу хушунат алайҳи эътирозгаронро қатъ кунанд.

Саркозӣ аз ҷумла гуфт, ки "мардумони кишварҳои араб аз тариқи намоишҳои осоишта барои озодӣ ва демократия талош мекунанд. Ва бар зидди онҳо фиристодани артиш ва сӯи онҳо оташ кушодан – қобили қабул нест. Ин гуна бераҳмӣ - ғайри қобили таҳаммул аст".

Ба иттилоъи ҳомиёни ҳуқуқи башар, дирӯз дар маҳаллаҳои атрофи Димишқ ва шаҳри Ҷаблаҳ садҳо ҷонибдорони мухолифин боздошт шуданд.

Хабаргузории Рейтер навиштааст, нерӯҳои амниятӣ дар атрофи шаҳри Баниёс, ки он ҷо эътирозҳои густурда идома доранд, мустақар шудаанд ва шояд онҳо барои саркӯбсозии тазоҳурот сафарбар шаванд.

Бар асари бархурди кормандони амниятӣ ва полис бо эътирозгарон дар Сурия садҳо нафар ба ҳалокат расидаанд.
XS
SM
MD
LG