Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натиҷаҳои даври чаҳоруми сабқати Лигаи олӣ


Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар даври чаҳоруми сабқати Лигаи олии футболи Тоҷикистон бозиро бо дастаи мизбон - “Хуҷанд”-и Хуҷанд бо ҳисоби мусовии 0:0 анҷом дод.

Ин бозӣ 26-уми апрел дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд баргузор шуд.“Истиқлол” бо 10 имтиёз дар садри ҷадвал қарор дорад ва ягона дастаест, ки аз дарвозаи худ тӯб сар надодааст.
Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин се нафар – Аъзам Ҳусейнов (ССКА “Помир”), Мирзобек Мирзоев (“Хайр”) ва Фозил Сатторов (“Равшан”) бо сеголӣ дар мақоми аввал қарор доранд...


Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб дар майдони худ ССКА “Помир”-и Душанберо бо ҳисоби 2:1 мағлуб кард. Дар ин бозӣ нахуст Далер Раҷабов, бозигари меҳмонон, дар дақиқаи 31-ум ҳисобро кушод. Баъдан Индус Ҳусейнов, ҳамлагари мизбонон, дар нимаи дуввуми дидор (дар дақиқаҳои 85-ум ва 89-ум) ду гол ба самар расонид.

Кӯлобиҳо дар чаҳор бозӣ дар майдони худ 10 имтиёз ба даст оварданд ва дар ҷадвали мусобиқот аз рӯи таносуби тӯбҳо баъди “Истиқлол” дар ҷои дуввум қарор доранд. Вале ССКА “Помир”, ки дар мусобиқоти имсола нахустин бор шикаст хӯрд, бо 9 имтиёз ба ҷои чаҳорум фаромад.



Тими “Хайр”-и Ваҳдат дар меҳмонӣ ба дастаи “Вахш”-и Қӯрғонтеппа бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Тӯбро ҳамлагар Мирзобек Мирзоев дар дақиқаи 73-юм вориди дарвозаи мизбонон кард. “Хайр” низ 10 имтиёз ба даст овардааст ва бо дарназардошти таносуби тӯбҳо (6-1) пас аз “Равшан” (9-3) дар ҷои севум қарор гирифтааст.

Бозии ду дастаи шаҳри Душанбе - “Гвардия” ва “”Энергетик”, ки дар варзишгоҳи “Автомобилист”-и пойтахти кишвар баргузор шуд, бо натиҷаи мусовӣ ва бидуни гол поён ёфт.

Дастаи “Шодмон”-и Ҳисор дар сафар тими мизбон - “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуровро бо ҳисоби 3:0 шикаст дод. Ду голро Фирдавс Қурбонов дар дақиқаҳои 27-ум ва 86-ум ва як голро Комрони Мирзохон дар дақиқаи 43-юм заданд. Ин нахустин пирӯзии ҳисориҳо мебошад.

Вале “Парвоз”, ки дар чаҳор бозӣ бо ҳисоби якхелаи 0:3 шикаст хӯрдааст, баъди “Вахш” дар зинаи охирин – 11-ум ҷой гирифтааст. Воқеъан, “Парвоз” ягона дастаест, ки то ҳоло гол назадааст. Дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода, ки аз бозии даври чаҳоруми мусобиқот озод буд, бо 3 имтиёз ба ҷои 9-ум фаромад.

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин се нафар – Аъзам Ҳусейнов (ССКА “Помир”), Мирзобек Мирзоев (“Хайр”) ва Фозил Сатторов (“Равшан”) бо сеголӣ дар мақоми аввал қарор доранд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Б Ғ М Б Т И
1.“Истиқлол” 4 3 1 0 9-0 10
2. “Равшан” 4 3 1 0 9-3 10
3. “Хайр” 4 3 1 0 6-1 10
4. ССКА “Помир” 4 3 0 1 9-4 9
5-6. “Энергетик” 3 1 1 1 3-5 4
5-6. “Хуҷанд” 4 1 1 2 3-5 4
7. “Гвардия” 3 1 1 1 2-5 4
8. “Шодмон” 4 1 0 3 8-9 3
9. “Регар-ТадАЗ” 3 1 0 2 5-7 3
10. “Вахш” 3 0 0 3 2-5 0
11. “Парвоз” 4 0 0 4 0-12 0

Бозиҳои даври 5-ум
30-юми апрел (шанбе)

«Хайр» - «Гвардия»
«Шодмон» - «Вахш»

Оғози ин ду бозӣ – соати 16.

1-уми май (якшанбе)


«Истиқлол» - «Равшан»
«Регар-ТадАЗ» - «Хуҷанд»
«Энергетик» - «Парвоз»

Бозиҳо соати 17 шурӯъ мешаванд.
XS
SM
MD
LG