Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Норӯшаниҳои таҳқиқи марги полковник Пиров


Меҳмонхонаи "Тавҳид" дар маркази шаҳри Хуҷанд

Меҳмонхонаи "Тавҳид" дар маркази шаҳри Хуҷанд

Мақомоти корҳои дохилии Суғд мегӯянд, тафтиши марги Саъдулло Пиров ҳанӯз идома дорад.

Шариф Назаров, раҳбари идораи корҳои дохилии Суғд, гуфт, ҳоло фарзияҳои мухталифи марги Саъдулло Пиров, собиқ раҳбари бахши
Вале бо гузашти ду моҳ аз марги асроромези Пиров натиҷаи тафтишоти аввалияи додситонӣ ва фарзияи асливу гумонбарон ба куштори вай ҳанӯз эълон нашудааст...
амнияти дохилии Вазорати умури дохилӣ мавриди бозбинӣ ва омӯзиш қарор дорад.

Генерал Назаров аз ифшои фарзияҳои марги Пиров худдорӣ кард ва гуфт, ки ҷузъиёти парвандаро додситонии Суғд медонад, агарчӣ дар додситонии вилоят ба мо гуфтанд, ки чунин парвандаро дар даст надоранд.

Саъдулло Пиров, раҳбари бахши амнияти дохилии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, рӯзи панҷуми феврали соли ҷорӣ ба таври мармуз дар меҳмонхонаи "Тавҳид"-и шаҳри Хуҷанд даргузашт.

Шариф Назаров
Он замон Вазорати корҳои дохилӣ эълон карда буд, ки полковник Пиров бо маъмурияти корӣ дар Хуҷанд буд ва бар асари сактаи қалб дар меҳмонхона фавтидааст.

Вале додситонии кулли Тоҷикистон бо андак таъхир марги Саъдулло Пировро "куштор" номид ва дар ин робита парвандаи ҷиноӣ боз кард. Ахиран Абудхолиқ Муҳаммадиев, муовини додситони кулли Тоҷикистон дар нишасти хабарии ин ниҳод гуфт, "вобаста ба дарёфти ҷасади Саъдулло Пиров дар яке аз утоқҳои меҳмонхонаи "Тавҳид"-и Хуҷанд санҷиш гузаронида шуд. Вобаста ба ин қазия аз рӯи банди "куштор"-и Кодекси ҷиноӣ 12-уми феврал парванда боз шуд. Дар айни замон тафтишот идома дорад."

Абдулло Пиров, сардухтури беморхонаи шаҳри Душанбе ва бародари Саъдулло Пиров, низ ахиран дар сӯҳбат бо хабарнигории "Азия-Плюс" гуфт, ки бародараш бар асари бемории қалб ва ё худкушӣ нафавтида, балки ӯро кушта, бар дор овехтаанд.
Мудири меҳмонсарои "Тавҳид" гуфт, мақомот ба вай таъкид кардаанд, касе мехоҳад дар бораи марги ҷаноби Пиров иттилоъ бигирад, ба Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон муроҷиат кунад...


Ба гуфтаи вай, рӯзи 12-уми феврал, пас аз тақрибан як ҳафтаи марги асроромези Саъдулло Пиров кормандони додситонӣ ҷасади ӯро барои ташхиси дубора аз гӯр берун овардаанд.

Ҳамин тавр, фарзияҳои марги Саъдулло Пиров, раҳбари бахши амнияти дохилии Вазорати дохилии Тоҷикистон аз сӯи мақомоти интизомӣ ва доситонии кишвар аз ҳам фарқ мекунад.

Вале бо гузашти ду моҳ аз марги асроромези Пиров натиҷаи тафтишоти аввалияи додситонӣ ва фарзияи асливу гумонбарон дар бораи марги ӯ ҳанӯз эълон нашудааст.

Аммо афроди огоҳ аз ин қазия мегӯянд, ҷисми беҷони полковник Саъдулло Пиров субҳи рӯзи 5-уми феврал дар меҳмонхонаи "Тавҳид" дар хонаи рақами 11 аз ҳалқаи дор дар утоқи дастшӯӣ берун карда шуд. Гурӯҳе аз ҳамкоронаш субҳ омада, ба ҳуҷраи дарбастаи ӯ аз тирезаи айвон ворид шудаанд.

Масъулони меҳмонхонаи "Тавҳид" аз ироаи ҷузъиёти марги Пиров худдорӣ мекунанд. Онҳо мегӯянд, мақомот огоҳ кардаанд, ки дар ин бора бо касе ҳарф назананд. Мудири меҳмонсарои "Тавҳид" низ гуфт, мақомот ба вай таъкид кардаанд, ки агар касе мехоҳад дар бораи марги ҷаноби Пиров иттилоъ бигирад, ба Вазорати корҳои дохилӣ муроҷиат кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG