Пайвандҳои дастрасӣ

Гармои баҳс миёни даъвогарон ва масъулини нашрияҳо дар додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ, шиддати гармои бесобиқаи моҳи апрели имсоларо мемонад.

Ҷави ҳоким дар ин моҷаро тавре шакл гирифтааст, ки рӯзноманигорон дар ин қазияҳо дар баробари худ камтар тарафҳои даъвогар, балки умдатан додрасҳоро дар рӯбарӯи худ мебинанд.

Имрӯз навбати баррасии парвандаи «Чархи гардун» аст. Ин парванда бо даъвои хусусии Сайвалӣ Нуров, собиқ вакили МН алайҳи Муҳаммадалии Мақсадулло, сардабири «ЧГ» боз шудааст. Ба фарқ аз парвандаҳои дигари алайҳи матбуот, ин қазия шаҳрвандӣ нест.

МОҶАРОЕ, КИ НИҲОӢ МЕШАВАД

Вакили собиқи МН дар матлабе зери унвони «Депутати авбошро говсуд мекунанд?» шахсияти худро тӯҳмат ва таҳқиршуда ёфта, хостори боз намудани парвандаи ҷиноӣ алайҳи Муҳаммадалии Мақсадулло ва дар ҷаласаи ахири додгоҳ хостори пардохти 35 ҳазор сомонӣ ҷуброн низ шуд. Қарор аст додгоҳ субҳи рӯзи чоршанбеи 27-уми апрел дар ин маврид ҳукми худро содир кунад. Ҳоло маълум нест, ки ин ҳукм чӣ хоҳад буд.

Баҳси тарафҳо аз як соли пеш, аз замони баргузории интихоботи МН идома дорад. Муҳаммадалии Мақсадулло, сардабири «ЧГ» мегӯяд, ки ҳадаф аз нашри он матлаб тӯҳмат ва таҳқири шахсияти С. Нуров набуд, балки инъикоси хабари боз шудани парвандаи ҷиноӣ алайҳи С. Нуров аз сӯи додситонии Хатлон бо иттиҳоми авобшӣ будааст.

Оқои Мақсадулло мегӯяд: «Дар он матлаб ягон осори тӯҳмат ва таҳқир нест, мо аз рӯи факти ҳодиса, яъне кушода шудани парвандаи ҷиноӣ алайҳи Сайвалӣ Нуров мавод ба табъ расонидем. Ва ин ҷо ҳеҷ гуна мавҷудияти тӯҳмат ва таҳқирро намебинам.»

ХУЛОСАИ КОРШИНОСӢ ЧИСТ?

Аммо ҷониби даъвогар иддао дорад, ки дар сарлавҳаи хабар шахсияти ӯ, яъне С. Нуров авбош номида шуда ва таҳқир шудааст. Намояндаи С. Нуров аз изҳори назари худ ба хабарнигорон баъд аз ҷаласаи додгоҳ худдорӣ намуд.

Ин дар ҳолест, ки дар ҷаласаи ахир додраси парванда бо дархости намояндаи ҷониби даъвогар аз шунидани хулосаи коршиносии журналистии матни хабари дарҷшуда дар «ЧГ» сарфи назар кард. Сангин Гулов, коршиноси Шӯрои расонаҳои Тоҷикистон қарор буд хулосаи коршиносии матни хабари дарҷшуда дар нашрияро ба додгоҳ ироа кунад.

Оқои Гулов мегӯяд: «Ҳадаф аз он хабар тӯҳмат ва таҳқири номзад ба вакилии МН нест. Зеро он сарлавҳа ба сурати суолӣ гузошта шудааст. Яъне тасдиқи хабар нест дар он ҷо. Дуввум ин, ки баъди як ҳафтаи нашри ин матлаб, нашрия тасҳеҳ чоп карда ва навиштааст, ки ин ҷо хатои имлоӣ шудааст, яъне бо сабаби техникӣ нохунак афтидааст. Ин нишон медиҳад, журналист пеш аз даъвои он ҷониб, хатои худро эътироф карда ва онро ислоҳ кардааст».

Иноят Иноятов, вакили мудофеъи сардабири «ЧГ» дар суханронии худ дар ҷаласаи охирин гуфт, ин даъво бояд ба сурати даъвои шаҳрвандӣ баррасӣ шавад.

ПАРВАНДАҲОИ ДАВОМДОРИ НАШРИЯҲО

Сабаби кушодани парвандаи ҷиноятии мазкур, аризаи хаттии раиси комиссияи участкаи интихоботии №20 –и ноҳияи Вахш Толиб Хӯҷаназаров гардида буд, ки тибқи шикоятномаи ҷабрдида, номзад ба депутатии Маҷлиси намояндагон Сайвалӣ Нуров рӯзи 28-уми феврал дар ҳудуди участкаи интихоботӣ ва дар ҳузури шоҳидон ӯро латукӯб намудааст.

Сайвалӣ Нуров дар ҳоле алайҳи ЧГ даъво пеш мебарад, ки додгоҳи ноҳияи Бохтар ӯро дар авбошӣ муттаҳам донистааст. Додгоҳ Сайвалӣ Нуровро бар асоси моддаи 237, қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, яъне авбошӣ, гунаҳкор дониста, ба пардохти 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне 17 ҳазору 500 сомонӣ (наздик ба 4000 доллар), маҳкум кардааст.

Аммо дар додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ чанд парвандаи дигари алайҳи нашрияҳо, аз ҷумла парвандаи алайҳи «АП» ва муассиси «Пайкон» дар дасти баррасӣ қарор дорад. Ин додгоҳ то кунун парвандаи алайҳи худи «Пайкон»-ро ба нафъи «Тоҷикстандарт» ва парвандаи алайҳи «Миллат»-ро ба нафъи вазорати кишоварзӣ ҳал намудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG