Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кобул: Ба фирори маҳбусон аз дохил ёрӣ кардаанд


Дафтари раёсатҷумҳурии Афғонистон гуфт, фирори садҳо толиби маҳбус аз зиндони Қандаҳор бо мусоидат аз дохил муяссар шудааст. Дафтари Ҳомиди Карзай мегӯяд, фирори чунин шумори бузурги зиндониён тавассути нақб “аз ҳамкорӣ ва мусоидат аз дохили маҳбас дарак медиҳад.” Шаби якшанбе ба душанбе аз зиндони Сарипӯзии Қандаҳор тавассути як нақби қариб яккилометрӣ ҳудуди 488 маҳбуси аксаран марбут ба Толибон фирор карданд. Толибон мегӯянд, барои кандани ин нақб 5 моҳ сарф кардаанд. Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, тайи ин 2 рӯз 65 тан аз фирориёнро дубора дастгир кардаанд.
XS
SM
MD
LG