Пайвандҳои дастрасӣ

Даъвати Руму Порис ба ислоҳи паймони Шенген


Сарвазири Итолиё Силвио Берлусконӣ ва раисиҷумҳури Фаронса Никола Саркозӣ имрӯз муштаракан ба ислоҳ ва ташдиди паймони марзҳои бози ИА даъват карданд. Ин даъват дар посух ба фавҷи ҳазорон муҳоҷирест, ки аз шимоли Африқо ба қораи Аврупо сарозер мешаванд. Берлусконӣ дар пайи мулоқот бо Саркозӣ дар Рум гуфт, ба бовари ҳарду, паймони Шенген дар “ҳолоти истисноӣ” метавонад бознигарӣ шавад.
Равобити Фаронсаву Итолиё дар пайи ироаи ҳаққи зиндагӣ ба ҳазорон муҳоҷири африқоӣ дар Итолиё дучори таниш шуд. Дар пайи ошӯбҳои ахири шимоли Африқо ҳазорон нафар худро аз инҷо ба ҷануби Итолиё задаанд.
XS
SM
MD
LG