Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз низ аз Даръо садои тиру тӯп шунида мешуд


Сокинони Даръо мегӯянд, имрӯз низ дар ин шаҳри ҷануби Сурия садои тиру тӯп шунида мешуд. Нирӯҳои Сурия дирӯз таҳти ҳимояти тонкҳо бо ҳадафи саркӯб кардани эътирозҳои саросарӣ алайҳи режими Башор Асад вориди Даръо шуданд. Ин нахустин мавриди истифодаи тонкҳо тайи 6 ҳафтаи ин эътирозҳост. Афви байналмилалӣ мегӯяд, дирӯз дар Даръо дастикам 23 нафар кушта шудаанд. Ҳомиёни ҳуқуқ дар бораи боздошти садҳо эътирозгар дар саросари Сурия ва ҳалокати дастикам 400 тан аз мардуми мулкӣ аз замони шурӯъи эътирозҳои зидди Башор Асад хабар медиҳанд.
Созмони Савосия, ки вакили мудофеъи зиндонӣ Муҳаннад Ҳасанӣ таъсис додааст, гуфт, Шӯрои Амнияти СММ бояд ҷиҳати шурӯъи мурофиаи мақомоти Сурия дар Додгоҳи байналмилалӣ тасмим бигирад. Амрико, ки ҳанӯз соли 2004 алайҳи Сурия бо иттиҳоми кумак ба гурӯҳҳои ҷангӣ таҳримот ҷорӣ карда буд, гуфт, масъалаи эъмоли таҳримоти бештар алайҳи режими Асадро баррасӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG