Пайвандҳои дастрасӣ

Ёдбуди Чернобил бе ширкати Лукашенка гузашт


Як маълули Чернобил дар Красноярски Русия

Як маълули Чернобил дар Красноярски Русия

Имрӯз дар Украина аз солгарди 25-уми таркиш дар реактори чоруми нирӯгоҳи ҳастаии Чернобил ёд карданд. Дар расми ёдбуди қурбониёни ин бузургтарин фалокати ҳастаии ҷаҳон руасои ҷумҳуриҳои Украинаву Русия Виктор Янукович ва Дмитрий Медведев ширкат карданд. Аммо ҳамтои беларусии онҳо Аляксандр Лукашенка ба вилоятҳои аз ин фалокат осебдидаи Беларус дидан карда, дар расми муштараки ёдбуд дар Чернобил ширкат накард.
Виктор Янукович дар ин маросим гуфт: “Мо ҳама пеши онҳое, ки морову башариятро наҷот доданд, сари таъзим фурӯ меорем.”
Фаридун Ҳакимов, раҳбари ҷамъияти собиқадорони Чернобил дар Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, дар амалиёти рафъи авоқиби садамаи Чернобил аз Тоҷикистон низ ҳудуди 6000 нафар ширкат кардаанд.
XS
SM
MD
LG