Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Анҷумани ҷаҳонии уқёнус оғоз ба кор кард


Коршиносон аз 120 кишвари ҷаҳон дар Индонезия дар Анҷумани ҷаҳонии уқёнус гирди ҳам омадаанд. Як ҳадафи аслии ин ҳамоиш таъсиси як анҷумани доимии байналмилалист, ки бояд ба ҳамоҳангсозии барномаҳои зистмуҳитӣ ва роҳу шеваҳои муқобила бо пайомадҳои боло рафтани сатҳи об дар 4 уқёнуси дунё бар асари гармшавии иқлим машғул шавад.
Анҷумани ҷаҳонии уқёнус марҳалаи навбатии баҳси донишмандон пиромуни Паймони нави гармшавии иқлим аст, ки қарор аст, СММ тарҳи ниҳоии ин паймонро моҳи декабр дар анҷумани Конпенҳаген мавриди баррасӣ қарор диҳад.
XS
SM
MD
LG