Пайвандҳои дастрасӣ

Роксана Собирӣ имрӯз аз зиндон озод мешавад


Вакили мудофеъи хабарнигори эрониву амрикоӣ Роксана Собирӣ гуфт, ӯро имрӯз аз зиндон раҳо мекунанд. Як додгоҳи таҷдиди назар дар Эрон имрӯз 8 соли ҳукми қаблии зиндони Роксана Собириро бо 2 сол ҳукми шартӣ иваз кард.
Собирӣ дар моҳи январ ҳангоми харидории машрубот боздошт шуда, дар ибтидои моҳи апрел бо ҷурми ҷосусӣ ба фоидаи Амрико ба 8 соли зиндон маҳкум шуд.
Аммо вакили мудофеъи ӯ Солеҳ Некбахт гуфт, ҳукми додгоҳи қаблӣ лағв шуд.
XS
SM
MD
LG