Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саакашвилӣ бо раҳбарони мухолифин мулоқот мекунад


Раисиҷумҳури Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ розӣ шуд, ки имрӯз раҳбарони мухолифинро ба хотири музокироти роҳҳои бурунрафт аз бӯҳрони феълии сиёсӣ ба ҳузур бипазирад.
Намояндаи мухолифини гурҷӣ Тинатин Хидашелӣ гуфт, дар ин мулоқот 4 тан аз раҳбарони мухолифин, ширкат меварзанд.
Саломэ Зурабишвилӣ, вазири пешини умури хориҷии Гурҷистон ва аз раҳбарони феълии мухолифин, гуфт, ки онҳо омодаанд дар ин мулоқот пешниҳодҳои Саакашвилӣ дар мавриди шароити боқӣ монданаш дар мақоми раҳбариро бишнаванд. Дар Тифлис бо талаби истеъфои Саакашвилӣ ҳазорон нафар даст ба тазоҳуроти давомдори эътирозӣ задаанд.
XS
SM
MD
LG