Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ансамбли "Мавригӣ" аз Бухоро ба Тоҷикистон меояд


Гурӯҳи эҷодии “Мавригӣ” аз шаҳри Бухорои Узбакистон дар моҳи июни соли равон ба Тоҷикистон сафари ҳунарӣ хоҳад кард.
Матбуоти маҳаллӣ мегӯяд, ин нахустин сафари ҳунарии ин гурӯҳи мардумӣ ба Тоҷикистон хоҳад буд. Гурӯҳи “Мавригӣ” соли 1995 бо кӯмаки Ожонсии рушди Швейтсария ба хотири омӯзиш ва таблиғи мероси мусиқиву рақсии Бухоро таъсис ёфтааст.
“Мавригӣ” як сабки дар Осиёи Маркази роиҷи овозхонист, ки эрониёни муҳоҷир дар асрҳои гузашта аз Хуросон ва аз ҷумла аз вилояти Марв ба Бухоро овардаанд. Бо ин сабк бештар таронаву рақсҳои тӯёна, назири “Ёр-Ёр”, иҷро мешаванд.
XS
SM
MD
LG