Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

БМТ баҳраи бонкиро то 10% пойин овард


Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) фоизи баҳраи бонкиро 2 дарсади дигар пойин оварда, 10 фоиз муқаррар кардаст. Бонки миллӣ аз аввали сол бори дуввум аст, ки ҷиҳати пойин бурдани фоизи баҳраи бонкӣ иқдом мекунад. Ин ниҳод дар поёни моҳи январ баҳраи бонкиро аз 13,5 то 12 дарсад коҳиш дода буд. Коҳиш ёфтани фоизи баҳраи бонкӣ бояд акнун бонкҳои тиҷоратиро низ ба пойин бурдани фоизи қарзҳое, ки ба мардум ва ширкатҳо медиҳанд, ташвиқ кунад.

XS
SM
MD
LG