Пайвандҳои дастрасӣ

Поп Бенедикти XVI ба Исроил ташриф овард


Рӯзи душанбе Поп Бенедикти XVI-пешвои калисои католики романӣ, вориди Исроил шуд. Бо сафар ба ин кишвар боздиди Ховари Миёнаи Поп, ки аслан ба зиёрат аз ҷойҳои муқаддаси марбут бо Исои Масеҳ бахшида шудааст, ба анҷом мерасад. Аснои боздид аз минтақа пешвои калисои католики романӣ ба муколамаву оштӣ миёни динҳои мухталифи олам ва сулҳи Ховари Миёна даъват кардааст.

Зиёрат аз Исроил як бахши ҳассоси сафари Поп аст. Баъзе мусулмонон суханронии Бенедикт дар соли 2006-умро фаромӯш накардаанд. Он ибрози назари Поп дар бораи мусулмонон аз тарафи баъзеҳо ҳамчун тавҳин арзёбӣ шудааст. Ҳамчунон баъзе исроилиҳо ба ғазаб омадаанд, ки ахиран Поп як роҳиби британиявии инкоркунандаи Ҳолокостро дар мақомаш барқарор кард. Рӯзи душанбе Поп аз муҷассамаи Ёд Вашеми шаҳри Байтулмуқаддас, ки ба қурбониҳои Ҳолокост бахшида шудааст, боздид ба амал меорад.

Рӯзи сешанбе бошад, Поп тасмим гирифтааст аз урдугоҳи паноҳандагони фаластинӣ дар соҳили ғарбии рӯди Урдун зиёрат кунад
XS
SM
MD
LG