Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пайомадҳои ногувори боронгариҳо


Селхезӣ ахиран дар ноҳияи Хуросони Хатлон беш аз 90 хонаро хароб кард
Селхезӣ ахиран дар ноҳияи Хуросони Хатлон беш аз 90 хонаро хароб кард

Шаби якшанбе бар асари сел дар ноҳияи Айнӣ як чӯпон ба ҳалокат расида, рамаи ӯ нобуд шудааст. Бино ба иттилоъи дафтари матбуотии вазорати умури дохила, ҷасади чӯпон субҳи имрӯз пайдо шуд.

Ҳамчунин дирӯз дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд бар асари сангрез як мошин ба жарфнои дара рафтааст ва дар ин ҳодиса се сокини шаҳри Панҷакент ҷон бохтаанд.

Рӯи шанбе дар натиҷаи селхезӣ дар ноҳияи Турсунзода се кӯдаки аз 2 то 8-сола, ки сокинони шаҳри Душанбе будаанд, ҳалок шуданд.
Тибқи иттилоъи пешакии кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон, боронгарии чанд ҳафтаи ахир ба кишвар ба маблағи беш аз се миллион доллар хисорот ворид кардааст. Бар асари офатҳои табиӣ, аз ҷумла селу сангрезӣ, 15 нафар, аксар кӯдакон, ба ҳалокат расидаанд.

Бино ба арзёбии муқаддамотии созмони Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, дасти кам 230 хонавода бар асари селу боришоти ҳафтаҳои ахир осеб дидаанд.
XS
SM
MD
LG