Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳбубияти Обама дар кишварҳои арабӣ


Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА дар кишварҳои арабӣ назар ба Амрико маҳбубияти бештар дорад. Инро натоиҷи назарпурсиии бунгоҳи Ipsos дар панҷ кишвари бузурги арабӣ, аз ҷумла, Миср ва Арабистони Саъудӣ собит намуд. Кормандони бунгоҳ назари 7 ҳазор нафарро пурсиданд. 33 дар сад гуфтаанд, ки дар бораи Амрико назари мусбат дорад ва аммо 43 дар сад назари манфии худро ба ин кишвар иброз доштанд. 14 дар сад гуфтанд, ки онҳо бетарафанд, боқимонда дар бораи Амрико ҳанӯз назаре надоранд. Ва аммо дар ҳамин ҳол 48 дар сад гуфтаанд, ки дар бораи Барак Обама назари мусбат доранд.
XS
SM
MD
LG