Пайвандҳои дастрасӣ

Амалиёт боиси ҳалокати мардуми осоишта шуд


Тайи шабонарӯзи гузашта бар асари амалиёти низомӣ дар шимоли Шри Ланка 378 нафар кушта ва беш аз 1200 нафар маҷрӯҳ шуданд. Дар ин минтақа артиш барои аз байн бурдани охирин пойгоҳи ҷудоихоҳони тамил амалиёт доир кардааст. Табибони маҳаллӣ ба хабаргузориҳо гуфтаанд, ки бештари кушташудагон мардуми осоиштаанд.
Дар ҳамин ҳол фармондеҳони ҳукуматӣ иттилоъ дар мавриди тирборони деҳоти осоиштаро рад карда дар ҳалокати мардуми ғайринизомӣ мусаллаҳони тамилро муттаҳам мекунанд. Мақомоти Шри Ланка ахиран се хабарнигори як шабакаи телевизионии Бритониёро бо иттиҳоми “сиёҳ кардан”-и нерӯҳои ҳукуматии Шри Ланка аз кишвар хориҷ намуданд.
XS
SM
MD
LG