Пайвандҳои дастрасӣ

Олмон тамрини полиси афғонро тақвият мебахшад


Олмон дар таълиму тамрини кормандони полиси Афғонистон саҳми бештар хоҳад гирифт. Дар ин бора садри аъзами кишвар Ангела Меркел дар музокирот бо раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай дар Берлин хабар дод. Хонум Меркел афзуд, ки айни ҳол ҳамагӣ даҳ дар сади кормандони полиси Афғонистон ба таври кофӣ тамрин дидаанд.
Аз ин пеш мақомоти Олмон ваъда карда буданд, ки дар давраи интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон теъдоди низомиёнашро аз 600 нафари феълӣ то 4 ҳазору 400 тан афзоиш медиҳад. Интихоботи президентии Афғонистон моҳи августи соли равон баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG