Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаҳои ҳавоӣ ба мавқеъҳои Толибон идома меёбанд


Ҷеймс Ҷонс, мушовири амнияти миллии раисиҷумҳури Амрико гуфт, ки Вошингтон намехоҳад бо қатъи ҳамлаҳои ҳавоӣ ба фаъолияти нерӯҳояш дар Афғонистон халал ворид кунад. Дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии ABC ӯ афзуд, ки ИМА барои ҷилавгирӣ аз талафот миёни аҳолии осоишта талоши бештар ба харҷ хоҳад дод.
Дирӯз садҳо донишҷуёни донишгоҳ дар Кобул ҷамъ омада алайҳи зарбаҳои ҳавопаймоҳои низомии Амрико, ки мунҷар ба ҳалокати мардуми осоишта шудааст, раҳпаймоӣ карданд. Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай низ мегӯяд, ҳамлаҳои ҳавоие, ки дар натиҷаи онҳо аҳолии ғайринизомӣ ба ҳалокат мерасанд, ба ҷанг алайҳи терроризм латма мезанад. Ба иттилоъи Кобул, дар натиҷаи зарбаҳои ҳавопаймоҳои амрикоӣ ҳафтаи гузашта дастикам 150 тан аз мардуми осоишта кушта шудаанд. Ва аммо низомиёни ИМА ин арқомро “беш аз ҳад” номидаанд.
XS
SM
MD
LG