Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сели оворагон дар Покистон меафзояд


Ҳазорон нафар аз ғайринизомиёни Водии Свот бо истифода аз сабуктар шудани муқаррароти қуюди шабгардӣ дар Покистон аз маҳалҳои ҷанги сарбозон бо ҷангҷӯёни Толиб фирор карданд. Ин сели оворагон ба хонаҳои хешонашон мераванд ва ё ба садҳо ҳазор беҷошудаи дигар мепайванданд, ки дар ӯрдугоҳҳои муваққатӣ ба сар мебаранд. Артиши Покистон ҳафтаи гузашта ба мардум ҳушдор дод, то маҳалҳои зисти худро тарк кунанд, чун ҳавопаймои кишвар ҳамла ба мавзеъу камингоҳҳои ҷангҷӯёни Толиб дар Водии Свот ва ноҳияҳои атрофи он ба мисли ноҳияҳои Шангла, Дир ва Бунар идома медиҳанд.
XS
SM
MD
LG