Пайвандҳои дастрасӣ

Омодагии Саакашвилӣ барои музокирот


Бино ба гузоришҳо, Михайил Саакашвилӣ - раиси ҷумҳури Гурҷистон, барои музокирот бо раҳбарони мухолифин ҷиҳати ҳалли бунбасти сиёсии якмоҳа мувофиқат кардааст. Хабаргузории "Ассошиейтед Пресс" аз қавли як сухангӯи ҳукумат навиштааст, ки мулоқот рӯзи душанбе баргузор хоҳад шуд. Ба гуфтаи Телевизиони Ҷамъиятии Гурҷистон соати 12 сурат хоҳад гирифт. Раҳбарони мухолифини Гурҷистон аз раиси ҷумҳур Михайил Саакашвилӣ хостаанд, ба музокироти мустақим бо онҳо ризоият диҳад, то танишҳои миёни ду тараф боз ҳам авҷ нагирад. Мухолифини Гурҷистон як моҳ боз аст, бо талаби истеъфои Михайил Саакашвилӣ тазоҳурот мекунанд. Ҳафтаи гузашта ду тараф барои музокирот мувофиқат карданд, зеро задухӯрди маъмурони пулис бо тазоҳургарон ва маҷрӯҳ шудани чанд нафар, мояи нигаронӣ аз печида шудани авзоъ дар Гурҷистон шуд.
XS
SM
MD
LG