Пайвандҳои дастрасӣ

Бунёди боғ барои наҷот аз сел


Дар водии Рашт барои аввалин бор ба хотири ҷилавгирӣ аз кӯчиши замин ва хатари сел дар як минтақаи хатарзо боғ бунёд шуд.

Ин боғ бо нерӯи сокинони дехаи Лангараки ҷамоати дехоти Қалъаи Сурх, 12-километрии шаҳри Ғарм ва бо кӯмаки молии Федеросюни байнулмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар бунёд шудааст. Боғи мазкур дар масоҳати 2 гектар доман густурда, аз анвои гуногуни меваҷот ва дарахтони сояафкан иборат аст. Он дар минтақае бунёд шудааст, ки ҳамасола офатҳои табиӣ, аз қабили кучиши замин ва селхезӣ рух медихад. Тибқи таҳлилҳои дастандаркорони ин боғзор, боғи мазкур замини ин маҳали офатхезро мустаҳкам ва дар баробари офатҳои табиӣ тобовар хоҳад кард.

Заробиддин Сироҷов, котиби иҷроияи бахши Ҳилоли аҳмари Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт мегӯяд, боғи мазкур аз рӯи назарсанҷиҳо, баҳогузорӣ ва пешниҳоди барномаи ҳолатҳои фавқулодаи Ҳилоли аҳмари Тоҷикистон бунёд шудааст. Вай гуфт, ҳаводисе чун селхезӣ, тармахезӣ ва кучиши замин тайи солҳои ахир пайваста дар ин мавзеъ сурат мегирад.

Сокинони минтақаи Рашт умдатан ба боғдорӣ сару кор дошта, як гӯшаи рӯзгори худро маҳз аз ҳамин пеша таъмин мекунанд. Ва аммо ин нахустин боғ аст, ки дар яке аз доманакӯҳҳои ин водӣ бунёд шуда ва ҳадафи он ҷилавгирӣ аз ҳаводиси табиист. Ин ҳам дар ҳолест, ки масъулини ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар дар Рашт мегӯянд, бо пеш омадани шароити молӣ чунин боғхо дар чанд манотиқи аз ҷиҳати экологӣ хавфноки ин минтақа дар назар дошта шудааст.
XS
SM
MD
LG