Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми хонум Собирӣ таҷдиди назар мешавад


Як додгоҳе дар Эрон рӯзи 10-уми май дархости таҷдиди назари ҳукми Роксана Собирӣ, хабарнигори амрикоии эронитаборро баррасӣ кард, ки ӯро бо ҷурми ҷосусӣ ба нафъи Амрико ба ҳашт соли зиндон маҳкум намудаанд. Абдулсамад Хуррамшоҳӣ, вакили Роксана Собирӣ гуфт, хушбин аст, ки ҳадди аққал ҳукми зиндони ӯро ба ҳадде кӯтоҳтар хоҳад кард.

Бино ба гузоришҳо, муҳокима таҳти раёсати се додрас сурат мегирифт ва Роксана Собирӣ бо вакилонаш дар он ҳузур дошт. Дар муҳокима, ки паси дарҳои баста баргузор мешавад, ҳатто падари Роксана, Ризо Собириро ҳам иҷозаи вуруд надодаанд. Бар асоси гузоришҳои расида, хонум Собирӣ, ки ба ҳайси хабарнигор барои Радиои ҷамъиятии Амрико ва чанд расонаи дигари хабарии ғарбӣ дар Эрон кор мекард, бо табассум ба додгоҳ ворид шудааст. Вай, ки ду ҳафта ба нишони эътироз аз ҳукмаш гуруснанишинӣ кард, зоҳиран лоғартар шудааст. Паём Муҳибӣ, як дӯсти хонаводагии Роксана Собирӣ, ки ӯро ҳам ба муҳокима роҳ надодаанд ба Радиои Фардо гуфт, ки ҳолати равониаш хуб ба назар меомад.

Ахиран, як сухангӯи Қувваи қазоияи Эрон гуфт, ҳукм бар асоси қонунҳои Эрон “одилона” хоҳад буд. Аммо ӯ нагуфт, ки кай ин ҳукми додгоҳ содир хоҳад шуд.

Роксана Собирӣ, ҳам шаҳрванди Эрон ва ҳам Амрикост, фарзанди падари эронӣ ва модари ҷопонист. Ӯро моҳи гузашта бо гуноҳи ҷосусӣ ба нафъи Амрико ба ҳашт соли зиндон маҳкум карданд. Ӯ аввал дар моҳи январ бо иттиҳоми харидани шароб, ки дар Эрон ғайриқонунист, боздошт карданд ва дертар мақомот гуфтанд, ки мӯҳлати ваколатномаи хабарнигории ӯ сипарӣ шудааст. Дар ниҳоят Роксана Собириро ба ҷосусӣ ба нафъи Амрико муттаҳам намуданд. Аммо то ҳол ягон далеле доир ба ин гуфта нашр накардаанд.

Роксана Собирӣ, ки дар иёлати Дакотаи Шимолии Амрико бузург шудааст, шаш сол пеш ба Эрон рафта ва бино ба гузоришҳо доир ба фарҳанг ва мардуми Эрон китобе менавиштааст. Ҳукумати Амрико ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқ иттиҳомот алайҳи ин хабарнигори 32-соларо беасос хонда ва хостори раҳоии ӯ шудаанд. Гузоришгарони Бидуни Марз, як ҳомии ҳуқуқи хабарнигорон гуфт, ба ҷиноят муттаҳам кардани Собирӣ як ҳушдорест, ба хабарнигорони хориҷӣ дар Эрон дар остонаи интихоботии раёсати ҷумҳурӣ дар ин кишвар, ки моҳи оянда баргузор мешавад. Баъзе аз соҳибназарон, қазияи Роксана Собириро, як талоши ҳалқаҳои тундрави Эрон барои хароб кардани барномаҳои Барак Обама, раисҷумҳури Амрико медонанд, ки мехоҳад бо Эрон музокира кунад. Моҳи март Барак Обама хостори оғози наве дар муносибот бо Эрон шуд. Патрик Клавсон, муовини мудири Пажӯҳишгоҳи Вашингтон дар умури сиёсатҳои Ховари Миёна ба Радиои Озодӣ гуфт, ин қазия талошҳо барои беҳбуд бахшидани равобит миёни Амрико ва Эронро печида мекунад.

Қазияи Роксана Собирӣ ҳалқаи дигаре дар занҷираи боздошти амрикоиҳои эронитабор дар Эрон аст, ки ба ҷиноёти гунону муттаҳам шудаанд. Соли 2007 ду пажӯҳишгар ва як тоҷири амрикоии эронитаборро дар Эрон боздошт ва баъди чанд моҳ раҳояшон карда, ва иҷоза доданд, то қаламрави Эронро тарк намоянд.
XS
SM
MD
LG