Пайвандҳои дастрасӣ

Таҳдиди мухолифини гурҷӣ ба Саакашвилӣ


Раҳбарони мухолифини Гурҷистон аз раиси ҷумҳур Михайил Саакашвилӣ хостаанд, ба музокироти мустақим бо онҳо ризоият диҳад, то танишҳои миёни ду тараф боз ҳам авҷ нагирад. Каха Кукава - раҳбари Ҳизби Муҳофизакор, гуфт, посухи рад дар ин мавзӯъ вазъи пуршиддати мавҷудро бадтар хоҳад кард. Мухолифини Гурҷистон як моҳ боз аст, бо талаби истеъфои Михайил Саакашвилӣ тазоҳурот мекунанд. Ҳафтаи гузашта ду тараф барои музокирот мувофиқат карданд, зеро задухӯрди маъмурони пулис бо тазоҳургарон ва маҷрӯҳ шудани чанд нафар, мояи нигаронӣ аз печида шудани авзоъ дар Гурҷистон шуд.
XS
SM
MD
LG