Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бародари як вазири Ироқро боздошт карданд


Мақомоти Ироқ мегӯянд, Сабоҳ Муҳаммад Ал Судонӣ - бародари вазири тиҷорати ин кишварро, бо иттиҳоми фасодкорӣ боздошт кардаанд. Пулиси Ироқ хабар дод, Муҳаммад Судонӣ, ки ба ҳайси ёвари бародараш Абдулфалоҳ ал Судону дар вазорати тиҷорат кор мекард, дар як гузаргоҳе дар ҷануби Ироқ рӯзи панҷшанбе боздошт шудааст. Бино ба гузоришҳо, ин фарди мутаҳҳам ҳамроҳ бо як бародари дигари вазири тиҷорат, ки ба ришваситонӣ муттаҳам мешудаанд, моҳи апрел аз дасти кормандони пулис раҳо хӯрда ва гурехтаанд. Нурӣ Ал-Моликӣ - нахуствазири Ироқ, рӯзи шанбе хостори муборизаи беамон ба зидди фасодкорӣ шуд. Созмони Шаффофияти Байналмилал Ироқро яке аз фасодзадтарин кишварҳои ҷаҳон номида ва онро дар феҳрасти худ пас аз Сомалӣ ва Мянмар дар зинаи саввум қарор додааст.
XS
SM
MD
LG