Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шурӯъи додгоҳи таҷдиди назари Р. Собирӣ


Додгоҳи таҷдиди назари ҳукми Роскана Собирӣ - хабарнигори амрикоии эронитабор имрӯз дар Эрон шурӯъ шуд, ки ӯро бо гуноҳи ҷосуси ба нафъи Амрико ба ҳашт соли зиндон маҳкум кардаанд. Абдулсамад Хуррамшоҳӣ - вакили Роксана Собирӣ гуфт, хушбин аст, ки ҳадди аққал додгоҳ ҳукми зиндони хабарнигори 32-соларо кӯтоҳтар кунад. Роксана Собирӣ, ки моҳи гузашта бо ҷурми ҷосусӣ ба нафъи Амрико ба зиндон маҳкум шуд, ба нишони эътироз ду ҳафта гуруснанишинӣ кард. Ҳукумати Амрико ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи хабарнигорон мегӯянд, иттиҳомот алайҳи Собирӣ беасос аст.
XS
SM
MD
LG