Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омӯзиши забони тоҷикӣ дар Русия


Пажӯҳишгоҳи забоншиносии Фарҳангистони улуми Русия ҳафтумин ҷилди “Мабонии забоншиносии эронӣ”-ро ахиран мунташир кард.

Устодбону Елена Молчанова, раиси шӯъбаи забонҳо ва гӯишҳои эронӣ дар Пажӯҳишгоҳи забоншиносӣ, ба радиои Озодӣ гуфт, ин китоб охирин ҷилд аз силсилакитобҳои забоншиносии эронӣ аст ва пажӯҳишҳои чиҳилсолаи донишмандони Русияро дар заминаи забонҳои эронии бостонӣ, миёна ва нав ҷамъбаст мекунад:

«Китоби ҷадиди «Мабонии забоншиносии эронӣ» охирин ҷилди силсилаи китобҳои мабонии забоншиносии эронист. Чоп кардани силсилаи ин китоб солҳои 1960-ум шурӯъ шуд. Бунёдгузорони ин силсила оқои профессор Василий Абаев, хонуми Вера Расторгуева, оқои Валентин Ефимов ва профессор Михаил Боголюбов ҳастанд. Ин силсилакитоб таъсири зиёде дар эроншиносии байнулмиллалӣ дорад. Дар Эрон тарҳест ки ин силсиларо ба забони форсӣ тарҷума бикунанд”.

Нахустин фарҳанги забоншиносии эронӣ дар Олмон дар солҳои 1895–1901 мунташир шуда ва “Раҳнамои забонҳои эронӣ” ном дошт. Ин китоб сароғози пажӯҳишҳои забоншиносии эронӣ шумурда мешавад ва силсилаи китобҳои “Мабонии забоншиносии эронӣ” идомаи ҳамин фарҳанг аст.

Пажӯҳиш ва омӯзиши забонҳои эронӣ, аз ҷумла забони форсӣ, дар Русия пешинаи дарозе дорад. Аммо омӯзиши забони тоҷикӣ ҳамчун забони расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия ва дигар кишварҳои ҷаҳон пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ оғоз ёфт.

Устод Боғшоҳ Лашкарбеков, корманди аршади илмии Пажӯҳишгоҳи забоншиносӣ, мегӯяд, забони тоҷикӣ ҳамакнун дар чандин донишгоҳи кишварӣ ва низомии Русия тадрис мешавад. Вай афзуд, забонҳои форсӣ, тоҷикӣ ва дарӣ дар донишгоҳҳои Русия ҳамчун се шакли миллии забони форсӣ тадрис мешаванд:

Боғшо Лашкарбеков
“Тарзи тадрисе, ки мо пеш гирифта будем, ин буд, ки мо ба тариқи муқоисавӣ забони форсӣ, тоҷикӣ ва дариро барои шогирдон тадрис мекардем. Аз диди мо ин се забон дар имрӯз се шакли миллии забони форсӣ ҳастанд, ки дар Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон густариш ёфтаанд. Дар ҳар кишвар хусусиёти хосси забонӣ ва гӯишии ҳамон кишвар ба назар гирифта шудааст ва бино бар ин шакли адабӣ ба гуфтори мардум наздик гардонда шудааст. Мо ҳам зимни тадрис ин хусусиёти хосро ба назар мегирем. Аслан такяи мо бар забони тоҷикӣ аст, вале дар он ҷое ки тафовут миёни тоҷикиву форсӣ ё тоҷикиву дарӣ бошад, мо онро онро ҳам ба донишҷӯён мегӯем, ки ин чизҳоро бояд хуб бифаҳманд. Зимни тадрис мо бештар кӯшиш мекунем, ки донишҷӯён бо фарҳанги мардуми тоҷик ошно шаванд, бо суннатҳои мардумӣ ошно шаанд ва хусусиёти барҷастаи адабиёти тоҷикро биёмӯзанд. Ончуноне ки тадриси чаҳор–панҷсола нишон дод, онҳо нисбати забони тоҷикӣ муҳаббате ҳосил мекунанд ва баъд аз он диди онҳо дар бораи мардуми тоҷик дигар мешавад”.

Ҳамакнун забони тоҷикӣ дар Институти кишварҳои Осиё ва Африко вобаста ба Донишгоҳи Ломоносов (ИСАА МГУ), Институти равобити байнулмиллалӣ (МГИМО), Институти забоншиносӣ, Донишгоҳи улуми инсонӣ (РГГУ), Академияи амнияти кишварӣ ва Донишгоҳи муҳандисии низомӣ омӯзонда мешавад.

Ҳамзамон дар бузургтарин китобфурӯшиҳои Маскав китобҳои дарсӣ ва худомӯзи забони тоҷикӣ дастраси донишҷӯён ва забономӯзон аст.
XS
SM
MD
LG