Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дмитрий Медведев пирӯзии Русия бар фашизм дар Ҷанги Бузурги Ватаниро “як намунаи бузург ва як дарси бузурге” барои тамоми миллатҳо хонд.

Раисиҷумҳури Русия, ки дар канори Владимир Путин – нахуствазири Русия меистод гуфт, ин дарс ҳанӯз ҳам аҳамияти умдае дорад, аз ҷумла барои онҳое, ки имрӯз ҳам дар пайи фитнаангезии низомӣ ҳастанд. Раисиҷумҳури Русия таъкид кард, ки ҳаргуна таҷовуз ба зидди Русия ҷавоби сазовор дода хоҳад шуд.

Ин баёнияе Дмитрий Медведев дар ҳолест, ки танишҳои Русия ва НАТО боло гирифтааст. Аз ҷумла тасмими НАТО, ки имрӯзҳо дар Гурҷистон размоиш баргузор мекунад, Русия як иғво номид. Маскав дар моҳи август, дар як ҷанги кӯтоҳи панҷрӯза бо Гурҷистонро ин кишварро шикаст дод. Дар раҳпаймоии низомӣ дар Майдони Сурх нерӯҳои фахрии Русия дар даст парчамҳои сурхи дорои досу болға доштанд, ки соли 1945 дар майдони Рейхстаг афрохта шуд.

Собиқадорони ҷанги Русия, бо сари синаҳояи пур аз медал буд, аз минбар раҳпаймоии ҳазорон нафар сарбозро назора мекарданд. Тонкҳои навтарини Русия, аз ҷумла тонки Т-90, мошинҳои зиреҳпӯш ва дигар танку тӯпҳо, аз назди Кремл гузар доштанд. Дар ин раҳпаймоӣ дар баробари намоиши мушакҳои ҳастаии стротежии Топол–М ва Смерч, ки дар замони шӯравӣ тавлид шудаанд, Русия ҳамчунин системҳои пешрафтаи зиддимушакии Эс–300 ва Эс-400–ро ба намоиш гузошт. Даҳҳо ҳавопаймо ва чархболҳои низомӣ дар баландии танҳо 300 метр аз болои Майдони Сурх парвоз карданд, аз ҷумла ҳавопаймои МИ 28 ва ҳавопаймои бомбандози стротежии Ту 160, ки мероси замони ҷанги сард аст.

Мақомоти Русия мегӯянд, дар дигар манотиқи кишвар ҳам раҳпаймоиҳои низомии шабеҳ бо ширкати 30 ҳазор сарбоз баргузор шуд. Русия ва дигар кишварҳои шӯравии собиқ Рӯзи Ғалабаро як рӯз баъд аз дигар кишварҳои дунё таҷлил мекунанд. Зеро Иттиҳоди Шӯравии собиқ ва муттаҳидонаш санаи таслим шудани артиши Олмонро дар рӯзи 9 май дар хориҷ аз шаҳри Берлин имзо карданд.

Дар ҷараёни ҷанг ба зидди фашистони Олмонӣ ва муттаҳидони онҳо Иттиҳоди шӯравӣ 27 миллион нафар, аксаран ғайринизомиёни худро талаф додааст. Ба гуфтаи баъзе аз таърихшиносон, теъдоди қурбониён ҳатто аз 27 миллион нафар ҳам бештар аст.
XS
SM
MD
LG