Пайвандҳои дастрасӣ

Оғози ҷанги тамомъиёр ба зидди Толибон


Чархболҳои низомии Покистон рӯзи шанбе ба мавзеъу камингоҳҳои ҷангҷӯёни Толиб дар водии Свот тирандозӣ карданд, чун артиши ин кишвар амалиёти тамомъиёреро ба зидди онҳо оғоз намудааст. Бино ба гузоришҳо, даргириҳо намегузоранд, то мардуми ғайринизомии зиёде он маҳалҳои хатарнокро тарк кунанд. Тайи чанд рӯзи гузашта даҳҳо ҳазор нафар бар асари даргирии нерӯҳои ҳукуматӣ бо Толибон аз манотиқи ҷангзада гурехтанд. Муассисаи умури паноҳандагон дар Созмони Милал аз вазъи фавқуллодаи башарӣ дар ин минтақа ҳушдор дода ва гуфт, ки даргириҳо метавонад, то ним миллион нафарро беҷо кунад. Артиши Покистон дирӯз гуфт, бар асари амалиётҳои ҳавоиву заминӣ 140 ҷангҷӯи Толибро кушта ва ҳам 7 маъмури амниятиашро талаф додааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG