Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сабти номи рақибони сиёсии Аҳмадинажод


Ду рақиби асосии интихоботии Маҳмуди Аҳмадинажод – раиси ҷумҳури Эрон, расман ба ҳайси номзад ба мақоми раиси ҷумҳур дар интихоботи 12 июн сабти ном шуданд. Меҳдӣ Каррубӣ - раиси собиқи порлумони Эрон пас аз сабти номаш гуфт, барои он мехоҳад раиси ҷумҳур бошад, ки ба андешаи вай ҳукумати ҳозира аз ӯҳдаи идораи умури Эрон намебарояд. Мирҳуссайн Мусавӣ - нахуствазири пешини Эрон, ҳамчунин аз сиёсатҳои иқтисодиву сиёсии ҳукумати Маҳмуди Аҳмадинажод танқид кард, ки вай рӯзи ҷумъа расман ба ҳайси номзад сабти ном шуд.
XS
SM
MD
LG