Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳпамоӣ дар Маскав ва ҳушдори Медведев


Бахшида ба 64-умин солгарди пирӯзӣ ба фашистони Олмонӣ имрӯз дар шаҳри Маскав воҳидҳои низомии мусаллаҳ бо танкӯ тӯпҳо раҳпаймоӣ карданд. Ҳангоми ифтитоҳи паради низомӣ раиси ҷумҳур Дмитрий Медведев, кишварҳои дигарро аз ҳар гуна таҷовуз ба зидди Русия ҳушдор дод. Вай гуфт, “мо мутмаъинем, ки ҳар гуна таҷовуз ба зидди шаҳрвандони мо посухи сазовор дода хоҳад шуд.” Дар Тоҷикистон, ки даҳҳо ҳазор фарзанди худро дар Ҷанги Дуввуми Ҷаҳонӣ аз даст додааст, имсол рӯзи Ғалабаро бе раҳпаймоӣ таҷлил мекунанд.
XS
SM
MD
LG